ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Покистон имрӯз оғоз меёбад.
Зимни сафари Шералӣ Мирзо ба Исломобод масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ байни кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд.
Қарор аст, Шералӣ Мирзо зимни сафари кориаш ба Исломобод бо раҳбарияти сиёсӣ ва низомии Покистон мулоқот намояд.
Манбаъ қайд намудааст, ки вазири дифои Тоҷикистон, дар мулоқоти ҳайати раҳбарияти низомии Тоҷикистону Покистон ҳамчунин баррасии масоили марбут ба тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ, баргузор намудани тамринҳои муштараки ҳарбӣ, табодули байниҳамдигарии маълумот, омӯзиши таҷрибаи тарафайн ва ғайра низ дар назар аст.