ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон алайҳи ду нафар бо иттиҳоми қочоқи гази моеъ аз Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Тавре дафтари матбуоти Ожонси мубориза бо фасод хабар медиҳад, кормандонаш дар вилояти Суғд қочоқи гази моеъро ошкор кардаанд.
Гуфта мешавад, "муайян карда шуд, ки Долгов Юрий Алексеевич бо маслиҳати пешакӣ бо Абдуллоев Равшан Сайфудинович санаи 19.01 соли 2019 ба миқдори 37 315 литр сузишвории навъи гази моеъро ба воситаи автомашинаи боркаши тамғаи «Dongfeng SLA 5310», рақами қайди давлатиаш 01KG 0998 М, бо роҳи қочоқ, яъне бидуни назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуданд".
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Долгов Ю.А. ва Абдуллоев Р.С. бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди итмом тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.