ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik.Тибқи эълони шаҳрдорӣ, аз 10 апрел ба ҷои троллейбуси рақами 12 муваққатан автобусҳо бо ҳамин рақам ба роҳ мебароянд.
"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар аз фаъолият боз мондани троллейбусҳо дар хатсайри №12, шурӯъ аз 10-уми апрели соли равон дар хатсайри троллейбусии мазкур муваққатан ҳаракати автобусҳо бо рақами хатсайри №12 ба роҳ монда мешавад",-омадааст дар эълом.
Манбаъ сабаби дигарашро анҷоми корҳои таъмирӣ-азнавсозӣ дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ гуфтааст.
Ҳамчунин оғоз аз 12 апрели соли равон хатсайрҳои автобусии №6 ва №11 пурра ба пардохти ғайринақдӣ мегузаранд.
Пештар хабар дода шуд, ки аз 10 апрел ҳаракати микроавтобусҳои №67 дар масири маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин қатъ карда мешавад.
Дар баробари ин,аз 10 апрел ҳаракати микроавтобусҳои №10 дар масири Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи Пахтакор низ мамнуъ гардида, хизматрасонии ин хатсайр пурра тариқи автобусҳо ба роҳ монда мешавад.