Сипоси Мирзиёев аз санъаткорони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии бахшиҳо

Тоҷикистонро дар ҷашнвораи байналмилалии бахшиҳо Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, номзади илмҳои санъатшиносӣ Кароматулло Раҳимов, достонсароёни машҳури халқӣ Азизбек Зиёев ва Ҳотам Ҳокимов намояндагӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ҷашнвораи байналмилалии бахшиҳо, ки дар дар шаҳри Термези Узбакистон баргузор гардид иштирок карда,зимни суханронӣ аз тамоми иштирокчиён изҳори сипос намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон.   

Бино бар иттилои манбаъ, ҷашнвораи мазкур рӯзҳои 4-7 апрели соли равон дар шаҳри Термези Узбакистон таҳти сарпарастии Вазорати фарҳанги ин кишвар, ҳокимияти вилояти Сурхандарё, ЮНЕСКО, ИСЕСКО Фестивали байналмилалии бахшиҳо баргузор шуд.

Мирзиёев ба писаракони ҳамномаш мошин ҳадя кард: падари кӯдакон ба садама дучор шуд

Маросими ботантанаи ифтитоҳи фестивал рӯзи 5 апрели соли дар амфитеатри шаҳр Термез бо иштироки Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифтааст.

“Роҳбари Узбакистон дар маросими ифтитоҳ доир ба мақоми ҷашнвораи байналмилалӣ, муколамаи фарҳангҳо ва рушду нумӯи минбаъдаи санъати бахшигӣ сухан ронда, ба ҳамаи иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон, Озорбойҷон, Булғория, Эрон, Белгия, Афғонистон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Сингапур, Сербия, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Молдова, Финландия, Россия, Туркманистон, Туркия, Франсия бо зикри номи роҳбарони ҳайатҳо изҳори сипос намуд”, - таъкид намудааст вазорати фарҳанг. 

Дар барномаи ҷашнвора Тоҷикистонро вазири фарҳанги кишвар  Шамсиддин Орумбекзода, номзади илмҳои санъатшиносӣ Кароматулло Раҳимов, достонсароёни машҳури халқӣ Азизбек Зиёев ва Ҳотам Ҳокимов намояндагӣ карданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки инчунин, 6 апрели соли равон дар доираи ҷашнвора конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши санъати бахшигӣ дар фарҳанги тамаддуни ҷаҳонӣ” сурат гирифт, ки дар чаҳорчӯбаи олимон аз кишварҳои гуногуни дунё аз ҷумла аз Тоҷикистон доир ба паҳлӯҳои гуногуни санъати бахшигӣ ибрози андеша намуданд.