Мансаби Қозидавлат Қоимдодов дар Бунёди Оқохон баъди бознишастагӣ аз хизмати давлатӣ

Манобеъ аз таъини Қозидавлат Қоимдодов, ходими давлатӣ, собиқ сафири Тоҷикистон дар Белорусия ва кишварҳои назди Балтик ба мақоми роҳбарӣ дар Бунёди Оқохон хабар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Бар асоси иттилои муқаддамотии манобеи Sputnik, дар назар аст,  Қоимдодов дар мақоми намояндаи доимии Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон Алӣ Акбар Песнаниро иваз кунад. Песнанӣ ба ҳайси намояндаи доимии Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон аз оғози соли 2013-ум фаъолият дорад.

Аз Бунёди Оқохон ба Ҳукумат: раисиҷумҳур Ёдгор Файзовро раиси ВМКБ таъин кард

Бунёди Оқохон расман дар ин бора ҳанӯз иттилоияе нашр накардааст. Қоимдодов, ходими давлатии Тоҷикистон ва дорои таҷрибаи ҳамкорӣ бо Бунёди Оқохон мебошад. Ӯ солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёд дар Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Қозидавлат Қоимдодов, зодаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ буда, 69 сол дорад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон ва мактаби ҳизбии Тошканд буда, дар мақомҳои гуногун дар Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Ӯ аз соли 1990 вакили Шӯрои олӣ ва солҳои 2000- 2005 муовини нахуствазири Тоҷикистон буд.

Қоимдодов солҳои 2005 – 2009 дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва солҳои 2009 – 2017 ба ҳайси сафир дар Белорус ва кишварҳои назди Балтик фаъолият кард.

Қозидавлат Қоимдодов бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 ба нафақа фиристода шуд.