Истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Кирибати

Баёнияи муштарак дар бораи истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Кирибати дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ба имзо расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Тоҷикистон бо як кишввари дигари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Тоҷикистон бо Ҷамайка равобити дипломатӣ роҳандозӣ кард

Бино бар иттилои манбаъ, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кирибати равобити дипломатӣ роҳандозӣ карданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки рӯзи, 5 апрели соли равон дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кирибати баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Кирибати Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Тебуроро Тито ба имзо расониданд.  

Ҷумҳурии Кирибатӣ – яке аз давлатҳоест дар Уқёнуси Ором, дар назди Микронезия ҷойгир шудааст. Аз шимолу ҷануб бо ҷазираҳои Маршалӣ, Штатҳои Федеративии Микронезия, аз тарафи ғарб ва ҷанубу ғарбӣ бо Науру, ҷазираҳои Соломон ва Тувалу, дар ҷануб ва ҷанубу- шимол – бо обҳои дохилии Токелау, ҷазираҳои Кук ва Полинезияи Фаронсавӣ ҳамсарҳад мебошад.