Боз дар ду хатсайри автобуси пойтахт пардохти роҳкиро ғайринақдӣ мешавад

Мақомоти шаҳри Душанбе сокинон ва меҳмонони пойтахтро хабардор намудааст, ки аз 12 апрели соли равон хатсайрҳои автобусии №6 ва №11 пурра ба пардохти ғайринақдӣ мегузаранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст, ки  шурӯъ аз  12  апрели соли равон дар хатсайрҳои автобусии №6 ва №11 пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ сурат мегирад.

Дар Душанбе хатсайри автобуси 8 пурра ба пардохти ғайринақдӣ гузашт

Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар сомонаи расмиаш ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расондааст, ки шурӯъ аз 12-уми апрели соли 2019 дар хатсайрҳои автобусии №6 (Бонки миллӣ – маҳаллаи Чортут) ва №11 (мактаби №61 – бозори “Балх”) пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, ин амал бо мақсади  баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ шудааст.

“Шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва ронандагони автобусҳо дастрас намоянд”, — иттилоъ дод манбаъ.

Лозим ба ёдоварист, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе корти ягонаи Cityсard амал мекунад.

Сокинон корти нақлиётро метавонанд аз терминалҳо ва дӯконҳо харидорӣ намоянд, ки дар истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии Душанбе, ҷойгиранд.