Ҳушдори КҲФ аз боришоти шадид то 10 апрел

КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба ҷойҳои дур худдорӣ кунанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 10-уми апрел дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва боришот боқӣ мемонад. 

КҲФ менависад, ки дар натиҷаи тағйири боду ҳаво барфҳо дар кӯҳҳо об шуда, мулоим шудани хоки зери барф дар теппаҳо метавонад сабабгори рониши замин шавад, сатҳи оби рӯдхонаҳо боло меравад.  

"Дар натиҷаи боронҳои шадид хавфи лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг зиёд аст",-ҳушдор медиҳад КҲФ.

Аз ВМКБ то Суғд: харобиҳои борону сел дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин росто аз аҳолии Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки аз сафар ба мавзеъҳои селрезу тармахез худдорӣ кунанд.

"Муддате то эътидоли ҳаво ба куҳу доманакуҳҳо низ ба қасди омода кардани ҳезуму алаф ё чаронидани моли худ нараванд".

Имрӯз дар Тоыикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ағбаҳо фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки сел дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Ховалинг, Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияҳои Масчо, Спитамен, шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷекати вилояти Суғд, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Ҳисор ба як қатор заминҳои кишт, роҳҳои мошингард, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.