"Ними шаб ба манзилам даромада, латтукӯб ва ғоратам кард"

Ҷинояткор аз марди солхӯрда бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ ҷавоҳироти тиллоӣ ва як адад телефони мобилӣ, ҷамъба маблағи 5000-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Марди солхӯрае дар ноҳияи Рӯдакӣ ба мақомот шикоят кардааст, ки шабона ба манзилаш ӯро латтукӯб ва ғорат карданд.

Мулоқотгоҳи пулакии марди ҷавону маъшуқаи солхӯрда дар Душанбе ошкор шуд

Бино бар иттилои ВУД, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 66-солаи сокини деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 31-уми марти соли 2019, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълум вориди хонаи истиқоматиаш шуда, ӯро латтукӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ ҷавоҳироти тиллоӣ ва як адад телефони мобилӣ, ҷамъ ба маблағи 5000-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.