Чаҳор соҳибкор ду роҳи кӯчаи шаҳри Конибодомро мумфаршу чароғон карданд

Соҳибкорон Баҳодурҷон Ваҳҳобов, Акмал Тоҷиев, Раҳматҷон ва Рауфҷон Бобоҷоновҳо кӯчаҳои ба номи М.Олимов ва Ш.Ҳусейнзода мумфаршу чароғон карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Бо ташаббуси сокинон кӯчаҳои М.Олимов ва Ш.Ҳусейнзодаи шаҳри Конибодом ба масоҳати 650 метри мураббаъ ва харҷи 160 ҳазор сомонӣ мумфарш гардида, ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ чароғон гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Нахуствазири Тоҷикистон ва хонаводааш роҳеро дар зодгоҳашон мумфарш мекунанд

Бино бар иттилои манбаъ, дар иҷрои ин иқдом соҳибкорон Баҳодурҷон Ваҳҳобов, Акмал Тоҷиев, Раҳматҷон ва Рауфҷон Бобоҷоновҳо чун инсонҳои хайрхоҳу саховатпеша саҳми назаррас гузоштанд.

Инчунин, ба гуфтаи дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз,  зодаи деҳаи Маҳрам, соҳибкори ҷавон Наимҷон Мамадов бо аҳли маҳалла кӯчаи ба номи Ҷонон Ӯруноваро мумфаршу чароғон намудааст.

Манбаъ ҳамчунин ёдрас шудааст, ки дар рӯзҳои Наврӯзӣ Зафарҷон Қодиров дар кӯчаи марказии ба номи С.Айнӣ бинои чойхона, сартарошхона ва истгоҳи замонавӣ сохта ба истифода додааст. 

Акнун аз чойхона ва дигар иншооти зикршуда сокинони кӯчаҳои ба номи Ҳоҷӣ Алиев, И.Иброҳимов, Ю.Ёдгоров, А.Тошматов, М.Ҳомидов ва С.Айнӣ метавонанд истифода менамоянд”, - таъкид кард манбаъ.