Ифтитоҳи агрегати дувуми "Роғун" мавқуф шуд

Санаи ба истифода додани агрегати дувуми нерӯгоҳи "Роғун" маълум нест. Ифтитоҳи он то мӯҳлати номуайян ба таъхир андохта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Хабаргузории Regnum иттилоъ додааст, ки дар Тоҷикистон  ифтитоҳи агрегати дувуми нерӯгоҳи Роғун ба таъхир андохта шуд.

Ба истифода додани агрегат то мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст.

Сабаби ин иқдоми масъулин маълум нест.

Қатъи тавлиди барқ дар “Роғун” ва сафари сарвазир ба нерӯгоҳ

Ба иттилои хабаргузорӣ, дар нерӯгоҳ аз шарҳи қазия худдорӣ карданд.

Ёдрас мешавем, аввалин агрегати "Роғун" 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд.

Ба нақша гирифта шуда буд, ки агрегати навбатии нерӯгоҳ моҳи апрел ба кор медарояд.

Аввалҳои моҳи март хабар дода шуда, ки истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ муваққатан қатъ карда шуд. Сабаби он корҳои профилактикӣ гуфта мешавад. Он вақт, манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки агрегати дувум моҳи апрел ба кор хоҳад даромад.