ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Тибқи иттилоияи раёсати ВУД як корбарри шабакаи Фейсбук бо пешниҳоди аксҳои қонуншикании ронандагон дар роҳ хостори муҷозоти онҳо шудааст.
“Баъд аз бозпурсии ронандагон ва далелҳои овардашуда, муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар аксҳо инъикосёфта ба қоидавайронкунии дағал роҳ дода, ба самти муқобили роҳ ҳаракат намудаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Раёсати ВУД муайян намудааст, ки ронандаҳои муттаҳам дар нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ - Давлатов Далер, ронандаи “Тойота-Каролла”, Ҳасанов Ҷонибек, ронандаи автомашинаи “Киа-Олимпиа” ва Умед Бобоев, ронандаи автомашинаи “КИА” мебошанд.
Манбаъ таъкид кард, ки нисбати ронандагони мазкур бо моддаи 325 қисми 4 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон - риоя накардани суръати муқарраршуда ва қоидаҳои сабқат - пеш гузаштан, парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Раёсати ВУД аз шаҳрвандон хоҳоиш намудааст, ки дар сурати шоҳиди чунин қоидавайронкунӣ шудан ба мақомоти умури дохилии пойтахт тариқи - rvkddushanbe@mail.ru , ё телефони (+99237) 221-15-00 хабар диҳанд.