ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Рӯзи 3 апрели соли 2019 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Порис бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Умон, Туркия, Эрон ва Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО муаррифии филми ҳуҷҷатии “Занони Роҳи Абрешим” баргузор гардид.
Дар ин бора равобити умумии Вазоарти корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур намояндагони доимии кишварҳои аъзои ЮНЕСКО, ҳайати дипломатӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, сокинон ва меҳмонони пойтахти Фаронса ширкат доштанд.
"Дар филм зиндагинома ва фаъолияти чор зан аз кишварҳои Тоҷикистон, Туркия, Умон ва Эрон нишон дода шудааст, ки шуғли онҳо санъати қадимии қолинбофӣ ва сӯзанидузии кишварҳои ҳавзаи Роҳи Абрешим буда, сарчашмаи асосии даромади онҳо ба шумор мерафт",-омадааст дар хабарнома.
Пас аз намоиши филми болозикр мизи мудаввар зери унвони “Нақши занон дар Роҳи Абрешим” бо иштироки намояндагони кишварҳои Умон, Туркия, Бангладеш, Эрон ва Тоҷикистон доир гардид.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ба коргардони филм хонум Ясамин Малекнаср (Эрон) изҳори ташаккур намуда, нақши муҳими занро дар эҳё ва таҳкими фарҳангу санъати минтақаҳои Роҳи Абрешим, аз ҷумла дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон таъкид кард.