ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дастгиршуда, зани 36-сола, сокини ноҳияи Дарвоз мебошад.
Бар асоси тафтишот, муттаҳам 4-уми апрели соли 2019, тахмин соати 12:00-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба дукони тиллофурӯшӣ, воқеъ дар бозори “Корвон” даромада, аз он ҷо 1-адад дасмонаи тиллоӣ дуздида ғайб задааст.
Манбаъ арзиши дастмонаро 2500-сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 51-солаи сокини шаҳри Душанбе, соҳибкор, муроҷиат намудааст.
ВУД афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ахиран ВУД инчунин хабар дод, ки қаллобии зани 26-сола, сокини Бӯстонро ошкор кардааст. Зан соли 2013 дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-сола даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллогинро ба маблағи 16 ҳазор доллар гирифта, то ҳол маблағашро надодааст. Манбаъ таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса низ идома дорад.