ВУД Русия пешниҳод кард: муҳоҷирон ҳаққи ихроҷро ҷуброн кунанд

Феълан барои муҳоҷироне, ки аз ҳисоби буҷаи Русия ихроҷ шудаанд, то ҷуброн кардани ҳаққи ихроҷашон ба кишвар, вурудашон ба Русия мамнӯъ аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Русия тарҳи қонунеро омода кардааст, ки мувофиқи он муҳоҷирон бояд ҳаққи ихроҷашонро ба Русия ҷуброн кунанд. Намунаи ҳуҷҷати мазкур дар сайти вижаи мақомоти кишвар мунташир шудааст.

Путин авфи муҳоҷирони қирғизро тасвиб кард

Дар ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки феълан барои муҳоҷироне, ки аз ҳисоби буҷаи Русия ихроҷ шудаанд, то ҷуброн кардани ҳаққи ихроҷашон ба буҷаи кишвар, вуруд ба Русия мамнӯъ аст.

Соли гузашта аз ҳудуди Русия 3847 муҳоҷири ғайриқонунӣ ихроҷ карда шуданд. Онҳо шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон буданд.

Ҳамаи онҳо ё қавонини вуруд, ё будубош дар Русияро нақз карда буданд.