Санҷиши ногаҳонии Озода Раҳмон дар қабулгоҳи вазирону раисон: на худашу на муовинаш

Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз санҷиши ногаҳонии қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони сатҳи аввали мақомоти давлатӣ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Озода Раҳмон гуфт, гуруҳи кории Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи санҷиши ногаҳонӣ камбудиҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони сатҳи аввали мақомоти давлатиро ошкор кард.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 22 мансабдори тоҷик барои нарасидан ба доди мардум

“Санҷиш нишон дод, ки баъзе аз роҳбарони мақомоти давлатӣ ва муовинони онҳо рӯзи шанбе умуман дар ҷои кор ҳузур надоштанд”, - изҳор дошт Озода Раҳмон, зимни ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумони Тоҷикистон.

Ӯ таъкид намуд, ки то ҳол қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони аввали мақомоти давлатӣ ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст.

Озода Раҳмон дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсуси раисиҷумҳури  Тоҷикистонро ба қабули шаҳрвандон хотиррасон карда, таъкид намуд, ки мақомоти прокуратура назорати ин масъаларо низ ҷоннок намояд.

Файзов ба мансабдорон: ҳақиқатро ба мардум гӯед, бардурӯғ умедвору саргардон накунед

Озода Раҳмон аз камбудиҳо дар сатҳи роҳбарони аввали мақомоти давлатӣ дар ҳоле суҳбат кард, ки Юсуф Раҳмон аз муҷозоти 22 мансабдор барои нарасидан ба доди мардум дар сатҳи ҷамоатҳо, аз ҷумла котибу заминсози ҷамоат гузориш дод.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар гузориш ба аъзои парлумон гуфт, бархе аз мақомдорони кишвар муроҷиати шаҳрвандонро бе баррасӣ мемонанд.

Ӯ изҳор дошт, ки барои вайрон намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ин самт 22 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.  Додситони кул, мақомдорони ҷамоатҳо, аз ҷумла Абдуллоев, раиси ҷамоати Саразм дар шаҳри Панҷакентро мисол овард, ки даҳҳо муроҷиати шаҳрвандонро бе баррасӣ мондааст.

Шарҳи шаҳрдорӣ: чаро мансабдорони Душанбе барои журналистон дастнорасанд?

“Чунончи, котиби Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов Саримсоқов А. К. 30 адад, раиси Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент Абдуллоев П. А. 66 адад, муҳандис — заминсози ин ҷамоат Қодиров М. 50 адад муроҷиати шаҳрвандонро бе баррасӣ монда, барои ин кирдор бо ҳукми судӣ маҳкум гардиданд”, - изҳор дошт Юсуф Раҳмон.

Қаблан парлумони Тоҷикистон бо қабули қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” масъулияти мақомдоронро барои расидагӣ ба арзи шаҳрвандон бештар кард. Аз ҷумла муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти ҳукуматӣ тариқи расонаҳо, телефон ва почтаи электронӣ низ мақоми расмӣ гирифта, масъулин уҳдадоранд ба онҳо расидагӣ кунанд.

Бар асоси қонунгузории феълӣ барои беэътиноӣ ба муроҷиати шаҳрвандон даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷарима ё ҷалб ба корҳои ислоҳӣ пешбинӣ шудааст.