Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 23 дараҷа гармӣ ва борон дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон меборад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони суст меборад. Ҳаво дар шарқи вилоят бебориш мешавад. Дар ғарби вилоят  шабона 2-7 ва  рӯзона 13-18  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона  4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо ҳаво бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр  барфи тар борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба самти ғарб бо суръати   4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона  10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.      Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  10-15  ва   рӯзона 18-23 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор  метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рўзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 13-15  ва рӯзона 22-24  дараҷа гарм мешавад.