Нашри маҷмӯаи “Устод Лоиқ ва забони миллӣ”

Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон маҷмӯаи “Устод Лоиқ ва забони миллӣ”-ро нашр кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Дар маҷмӯаи тозанашр маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии “Нақши устод Лоиқ дар рушди забони миллӣ” ба нашр расидааст, хабар додааст “Ховар”.

Раҳмон Қасри ҷавононро дар Хуҷанд ба номи Лоиқ Шералӣ гузошт

Дар маҷмӯаи мазкур мақолаҳои  профессорон Нуъмонҷон Ғаффорӣ “Бозтоби ормонҳои миллӣ дар осори устод Лоиқ”, Ҳайдаршо Пирумшо “Назму низоми таърих дар набзи шеъри Лоиқ”, Абдунабӣ Сатторзода “Лоиқ ва шеъри ҳолат” ва Саидмуроди Хоҷазод “Забон ва Ватан ду рукни умда дар осори Лоиқ” гирд оварда шудаанд.

Ба навиштаи “Ховар”, махсусиятҳои забони осори устод Лоиқ ва нақши он дар рушди забони тоҷикӣ, таҳаввули жанри дубайтӣ дар ашъори ӯ, таъсири осори классикон ба эҷодиёти устод Лоиқ ва пажӯҳиши ҷанбаҳои дигари ашъори устоди сухан меҳвари аслии маҷмӯаро ташкил медиҳад.

“Маҷмӯа барои пажӯҳишгарони осори шоир, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯёну донишҷӯён ва ҳаводорони ашъори устод Лоиқ пешбинӣ шудааст”, - омадааст дар иттилоия.