Меҳрон Бобоҳоҷиев ҳамсолонашро ба хизмати ҳарбӣ даъват кард

Дар шаҳри Исфара бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ, афсарону аскарони қисмҳои низомӣ, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати Суғд, дар маросими гусели даъватшавандагон муовини раиси шаҳр Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд сухан гуфта, аз ҷавонон даъват намуд, ки ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат кунанд ва бо сари баланд ба назди волидони худ баргарданд.

Баргузории Рӯзи даъватшаванда дар Душанбе

“Мавсуф бо баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон, хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ кард ва аз таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҷамолиддин Нуриддинов, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнат ва волидону собиқадорони дигар дар ин ҳамоиш аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуданд.

Даъватшаванда Меҳрон Бобоҳоҷиев аз номи наваскарон суханронӣ намуда, баробари ваъдаи хизмати содиқона ба Ватан, аз ҳамаи ҳамсолони худ даъват кард, ки қарзи ҷавонмардии худро дар назди Ватан бошарафона иҷро намоянд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати Суғд, барномаи фарҳангӣ  анҷомбахши тантанаҳои гусели наваскарон гардид.