Фарҳод Салим дар ИМА имконоти сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро муаррифӣ кард

Фарҳод Салим, сафири Тоҷикистон дар ИМА дар ин кишвар имконоту имтиёзҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро муаррифӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, бо иштироки Шӯрои тиҷоратӣ ва ширкати  ширкати “Baker McKenzie” дар ИМА ҳамоиш зери унвони “Тиҷорат дар Осиёи Марказӣ” баргузор шуд.

Интернетро арзон кунед: БОР коҳиши рушди Тоҷикистонро пешгӯӣ кард

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиш сафирони кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, намояндагони воломақоми ҳукумати ИМА, доираҳои тиҷоратӣ, илмӣ-тадқиқотӣ иштирок карданд.

Фарҳод Салим дар ин чорабинӣ имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, иқдоми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар рушди имкониятҳои тиҷоратии кишвар, ислоҳоти иқтисодӣ ва эҷоди фазои муносиби сармоягузорӣ дар кишварро таъкид намудааст.

ВУХ Тоҷикистон зикр кардааст, ки бо мақсади мусоидат ба ҷалби бештари сармоя ва ширкатҳои амрикоӣ ба иқтисодиёти кишвар ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар, дар соли 2016 Шӯрои тиҷоратии ИМА - Тоҷикистон таъсис дода шудааст.