Як қисми кӯчаҳои Душанбе боз бе барқ мемонанд

Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ дар як қисми кӯчаҳои Душанбе барқ хомуш карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан,  аз соати 09:00 то 16:00  қатъ  карда мешавад.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барқ хомуш карда мешавад

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, имрӯз дар кӯчаҳои Титов, Улуғбек, Афзалӣ, Гостеллои ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Есенин, Фучик, Матросови ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Навбаҳор, кӯчаҳои А.Навоӣ ва Навободи ноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти калони энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.