ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Маргарита Симонян, сармуҳаррири ОИБ “Россия сегодня” ва шабакаи телевизионии RT, ба вакилони парлумони Русия пешниҳод намудааст, ки қавонини муҳоҷиратро такмил диҳанд, то ҳамватаноне, ки мехоҳанд ба Русия баргарданд ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ нашаванд.
“Ин хоҳишро ман дар куҷое набошам ҳамеша ба мақомот мерасонам. Дар соли 2002 ман гуфтугӯи мустақими телевизионӣ бо раисҷумҳури Русия аз Душанбе барандагӣ мекардам. Раисҷумҳур дар ҳамин гуфтугӯ ба сарбози рус Козлов ваъда дод, ки шаҳрвандии Русия медиҳад. Ҳодисаи таърихи буд. Ҳамон замон Путин гуфта буд, ки қавонини муҳоҷирати кишвар ба такмил ниёз дорад. 17 сол гузашт. Ман аз Шумо хоҳиш дорам қавонинро такмил диҳед”, - гуфт Маргарита Симонян зимни муҳокимаи парлумонӣ дар Думои давлатии Русия.
Симонян таъкид намуд, ки RT барои ҳамватаноне, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд ва замони гирифтани шаҳрвандӣ бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд, барномаи махсус роҳандозӣ кардааст.
Тавре, ки намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия доир ба ҳамкориҳои фарҳангӣ Михаил Швидкой эълон кардааст, Русия бояд дар умум тамоми қавонини муҳоҷиратро бозбинӣ намояд.
“Ба Русия на танҳо ҳамватанони мо, балки шаҳрвандони дигар кишварҳои ҳамсуд низ меоянд. Онҳо мехоҳанд дар Русия кору зиндагӣ кунанд. Ба Русия мутахассисони бо истеъдод меоянд, ки Русия ба онҳо ниёз дорад”- қайд намуд намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия Михаил Швидкой.