Душанбе-2 ҳудуди 80% ниёзи шаборӯзии шаҳри Душанберо ба барқ таъмин мекунад

Нерӯгоҳи ҳароратии Душанбе-2, 1500 бинои аҳолинишин, ҳудуди 120 воҳид дабиристону кӯдакистон, 50 муассисаи пизишкӣ ва ҳудуди 190 сохтмони дигарро бо гармову барқ таъмин мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Нерӯгоҳи ҳароратии Душанбе-2 дар як шабонарӯз ҳудуди 80 дарсади ниёзи пойтахти Тоҷикистонро ба барқ таъмин мекунад, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Қатъи тавлиди барқ дар “Роғун” ва сафари сарвазир ба нерӯгоҳ

Манбаъ афзудааст, ки Нерӯгоҳи ҳароратии Душанбе-2, бо вуҷуди он, ки моҳи апрел фаро расиду сатҳи оби рӯдхонаи Вахш боло рафт ва барои тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ фароҳам шуд, ин нерӯгоҳи ҳароратӣ дар як шаборӯз беш аз 8 миллион киловатт соъат барқ тавлид мекунад.

Нерӯгоҳи ҳарорати Душанбе-2, 1500 бинои аҳолӣ, ҳудуди 120 воҳид дабиристону кӯдакистон, 50 муассисаи пизишкӣ ва ҳудуди 190 сохтмони дигарро бо гармову барқ таъмин мекунад.

Ёдрас мешавем, ки тарҳи маркази барқу гармирасонии "Душанбе-2"-ро ширкати чинии ТВЕА амалӣ мекунад. Арзиши умумии тавозуни иқтидории марказ 400 МВт-ро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон барои сохтмони марҳилаи дувуми маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" 2,5 миллиард сомонӣ масраф кардааст.