Аввалин сафар: Тоқаев вориди Маскав шуд

Сафари расмии раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт-Тоқаев аввалин сафари хориҷии ӯ ба ҳайси раисҷумҳур аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев вориди Маскав шуд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Дар фурудгоҳ сарвари давлатро роҳбари департаменти протоколи Вазорати умури хориҷаи Русия Игор Богдашев ва сафири Қазоқистон дар Русия Имангали Тасмагамбетов пешвоз гирифтанд.

Аввалин сафар: Тоқаев вориди Маскав шуд

Горди ифтихорӣ, ки барои қабули раисҷумҳур саф кашида буд, суруди миллии Русия ва Қазоқистонро иҷро кард.

Интизор меравад, ки Тоқаев дар мулоқт бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин муносибатҳои дуҷониба ва Иттиҳои иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ кунанд.

Шоми 19 март раисҷумҳури ҳамакнун пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар муроҷиат ба мардум эълом кард, ки ба истеъфо меравад.

Феълан, то интихоботи президентӣ дар Қазоқистон масъулияти раисҷумҳурӣ бар дӯши раиси пешини Сенати парлумон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аст. Духтари Назарбоев - Дариға Назарбоева дар мақоми роҳбари Сенат ҷойгузини Тоқаев гашт.