ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Татбиқи амалии чаҳор лоиҳа миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикисон ва Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар оғоз гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.
Бино бар иттилои манбаъ, дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ татбиқи амалии чаҳор лоиҳа миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикисон ва Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар оғоз гардиданд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки лоиҳаҳои мазкур ба ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони КҲФ, тавонмандиҳои техникии ташкили корҳои соҳилбандӣ равона шудаанд.
Аз ҷумла, дар доираи ин лоиҳаҳо бунёди студияи телевизионии хурд барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, харидории таҷҳизоти техникӣ барои Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ – радиометрӣ, ҳамчунин сӯзишворӣ ва руғанҳои молиданӣ, зарфҳо барои нигаҳдорӣ, харидани техника ҷиҳати роҳандозии корҳои соҳилбандӣ дар назар аст.
Масъулини Кумита қайд намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои номбурда натиҷаи сафари ҳайати Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар дар моҳи июли соли 2018 буд.
“Ин ҳамчунин марҳилаи муҳим дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст”, - гуфт Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.