Озмуни самбӯсахӯрӣ ва суманакпазии раисҷумҳур дар Хуҷанд: Фестивали таомҳои миллӣ - Акс

Sputnik

Дар соҳили дарёи Сир, дар мавзеи тамошобобу хушбоду ҳаво беҳтарин ошпазҳои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷамъ омада, бештар аз 50 намуд таомҳои миллии наврӯзиро ба намоиш гузоштанд. Ба Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" ҳамчунин ҳунармандону ошпазон аз ташкилоту идораҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳо ҷалб шуда, дар маҷмӯъ тавонистанд як унсури асосии иди аҷдодӣ-оростани дастархони наврӯзиро дар сатҳи олӣ намоиш диҳанд. Ҳамин тариқ, дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" 50 намуди хӯроки миллӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шавла, оши бурида, мастова, кашк, ҳалвои тар, омоч, таоми кадугӣ, угрои мошдор, мошпиёба, ширбиринҷ, боқала, оши бо дӯғ, угропалов, оши кӯча ва амсоли ин омода ва пешниҳоди мардум карда шуд. Дар се деги калони яктоннагӣ бошад, ошпазони вилоят суманак, оши палов ва ҷаварӣ пухтанд, ки хеле лазиз буд.

Барои меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал дар гӯшаҳои гуногуни майдон 24 хайма ва даҳҳо кат бо дастархони наврӯзӣ ороста шуда,  дар назди ҳар хайма гурӯҳҳои фолклории шаҳру ноҳияҳо меҳмононро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ таҳният шодбош мегуфтанд.

Дар доираи баргузории фестивали мазкур, ҳамчунин миёни иштирокчиён дар чанд номинатсия, аз ҷумла "Беҳтарин таоми миллии наврӯзӣ",  "Хаймаи беҳтарин", "Ороиши дастархони беҳтарини наврӯзӣ", "Дастони моҳир", "Самбӯсабанди беҳтарин", "Самбӯсахӯри беҳтарин", "Угробури беҳтарин", "Намоиши фолклори беҳтарин" ва амсоли ин озмун доир гардид. Ғолибони се ҷойи аввали ҳар номинатсия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо туҳфа ва итихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мунташир кардааст, кишвардор низ деги суманакро мекобад.

1 / 9
Ба Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" ҳамчунин ҳунармандону ошпазон аз ташкилоту идораҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳо ҷалб шуданд
2 / 9
Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаббой Аҳмадзода дар фестивал аз растаи нон дидан мекунанд
3 / 9
Кӯдакон низ дар тан либоси идона дар фестивал ширкат карданд. Ба ин духтарак бештар омад кардааст - ӯ бо раиси ҷумҳур якҷо акс гирифт
4 / 9
Дар маҷмӯъ дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" бештар аз 10 ҳазор нафар иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо раисҷумҳур Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Аз таомҳои ба фестивал пешниҳодшуда ҳамчунин барои се ҳазор нафар дастархони идона ороста шуд
5 / 9
Дар доираи баргузории фестивали мазкур, ҳамчунин миёни иштирокчиён дар чанд номинатсия, аз ҷумла "Беҳтарин таоми миллии наврӯзӣ", "Хаймаи беҳтарин", "Ороиши дастархони беҳтарини наврӯзӣ", "Дастони моҳир", "Самбӯсабанди беҳтарин", "Самбӯсахӯри беҳтарин", "Угробури беҳтарин", "Намоиши фолклори беҳтарин" ва амсоли ин озмун доир гардид
6 / 9
Дар фестивал 50 намуди хӯроки миллӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шавла, оши бурида, мастова, кашк, ҳалвои тар, омоч, таоми кадугӣ, угрои мошдор, мошпиёба, ширбиринҷ, боқала, оши бо дӯғ, угропалов, оши кӯча ва амсоли ин омода ва пешниҳоди мардум карда шуд. Дар се деги калони яктоннагӣ бошад, ошпазони вилоят суманак, оши палов ва ҷаварӣ пухтанд
7 / 9
Раисҷумҳур низ суманак пухт
8 / 9
Барои меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал дар гӯшаҳои гуногуни майдон 24 хайма ва даҳҳо кат бо дастархони наврӯзӣ ороста шуда, дар назди ҳар хайма гурӯҳҳои фолклории шаҳру ноҳияҳо меҳмононро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ таҳният шодбош мегуфтанд.
9 / 9
Занон агар дар озмуни пухтан иштирок кунанд, мардҳо дар озмуни "хӯрдан" ширкат доштанд