ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Сегоникҳо дар шаҳри Қӯқанди Узбакистон соле пеш таваллуд шуда, волидон онҳоро ба хотири раисҷумҳури кишварашон Шавкат, Мирзиё ва Мирамон ном гузошта буданд.
Чанде пеш хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Узбакистон ба хонаводаи сегоникҳо мошини гаронбаҳо Chevrolet Cobalt ҳадя кард.
Аммо имрӯз, 2 апрел расонаҳо Узбакистон хабар доданд, ки падари кӯдакон бо ҳадяи раисҷумҳур ба садама дучор шудааст.
Садама 31 март рух додааст.
Бино бар иттилои мақомоти Узбакистон, дар кӯчаи Шохрухободи Қӯқанд мошини ҳадякардаи президент бо худрави Opel бархӯрдааст. Дар нитиҷа ду мософири худрави Chevrolet Cobalt ҷароҳат бардоштаанд.
Полис ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст.