ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, зани дастгиршуда, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, феълан сокини пойтахт мебошад, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад.
ВУД афзуд, муттаҳам хонаи истиқоматии зани 57-солаи сокини кӯчаи А.Синои пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, аз ҷавони 25-сола ва маъшуқаи 47-солааш барои мулоқотҳои маҳрамона маблағ мегирифтааст.
“Бори аввал санаи 13-уми марти соли 2019 ба марди 25-солаи сокини кӯчаи Хуҷамбиёи Поён ва зани 47-солаи сокини шаҳри Ҳисор, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 80-сомонӣ ва бори дуввум санаи 18-уми марти соли ҷорӣ такроран 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 24-сола бо иттиҳоми даллагӣ дар Душанбе хабар дод, ки аз мардон барои ҳамхобагӣ бо духтарони ҷавон аз 800 то 1000 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст