ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, Одиназода гуфт, ки масъалаи ташхиси ҷавонон ҳангоми сафарбар гардидан ба қувваҳои мусаллаҳ бояд таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.
“Барои хизмат ба Модар-Ватан бояд танҳо ҷавонони солим ҷалб ва сафарбар карда шаванд”, - таъкид кардааст Одиназода.
Вазорат эътироф кардааст, ки дар фаъолияти комиссияҳои тиббӣ ҳангоми ташхиси наваскарон камбудиҳо ба назар мерасанд ва бояд бартараф гарданд.
Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳҳои апрел-майи соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар фармонаш Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро муваззаф кард, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.