Баҳси вакилон: Тоҷикистон баъди 25 сол қарзи 79-миллион доллараашро ба Чин бармегардонад

Кишвар барои кашидани хати баландшиддати барқи "Роғун-Душанбе" аз Чин 79-миллион доллар гирифта буд. Ҷумҳурӣ нақша дорад, онро баъди 25 сол баргардонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ мӯҳлати баргардонидани қарзи 79-миллион доллараи кишварро ба Чин баррасӣ карданд.

Ҷумҳурӣ барои кашидани хати баландшиддати барқи "Роғун-Душанбе" аз Чин 79-миллион доллар гирифта буд.  

Қарзро бонки чинии "Эксимбонк" пешниҳод кардааст.

Вакилон ёдрас шуданд, ки Тоҷикистон бояд ин маблағро баъди 25 сол бо фоизаш ба Чин баргардонад.

Хати барқро аз Роғун то Душанбе ширкати чинии TBEA кашида буд.

Ду хати баландшиддати барқ аз Роғун то Душанбе, ки дарозии он 100 км ташкил медиҳад, моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуд. Хатҳои баландшиддат Роғунро ба Душане пайваст карда, аз ҳудуди Файзобод, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб мегузарад. Дар чорчӯбаи лоиҳа зеристгоҳи "Душанбе-500" низ сохта ба истифода дода шуд.

Ёдрас мешавем, аввалин агрегати нерӯгоҳи Роғун соли гузашта, 16 ноябр ба истифода дода шуд.