"Шоҳона" дар боғи суперинтенсивӣ: Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ангур шинонд

Дар токзори нав, ки дар масоҳати 5 гектар бунёд гардид, ангури навъҳои “шоҳона”, “ҳусайнии сафеду сурх”, “кишмиши сиёҳ” ва “победа” шинонида шуд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд аз Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат»-и дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид карда, бо дастовардҳои коргарон токзори нав ва боғи суперинтенсивии дарахтони гелосу шафтолуро бунёд кардааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар токзори нав, ки дар масоҳати 5 гектар бунёд гардид, ангури навъҳои “шоҳона”, “ҳусайнии сафеду сурх”, “кишмиши сиёҳ” ва “победа” шинонида шуд.

Тибқи маълумоти коргарони боғ, дар ин ҷо аз таҷрибаи бой ва ниҳолҳои боғдорони шинохтаи шаҳри Турсунзода истифода карда мешавад. Аз рӯйи нақша, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бояд дар майдони 30 гектар токзори чунин ангурҳо бунёд мегардид, вале имрӯз аллакай майдони он ба 47 гектар расонида шудааст.

Ёдрасӣ аз ятимии Турсунзода ва дасти сахои соҳибкорон: суҳбати Раҳмон бо ятимон дар Хуҷанд

Майдони умумии боғи миллии “Ваҳдат” 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он, аз ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Акнун дар ин ҷо бо ҳидояти раисҷумҳур бунёди токзор васеъ ба роҳ монда мешавад ва ҳосил аз ин боғҳо ба содирот нигаронида шудааст.

Имрӯз ҳамчунин дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат” Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ оғоз бахшид.

"Сюрприз"-и Раҳмон дар Хуҷанд: 10 калиди хонаҳои 2-3-ҳуҷрагӣ ба камбизоатон

Дар майдони 1,3 гектар дарахтони гелос ва дар масоҳати 1,3 гектари дигар шафтолу шинониданд. Дар маҷмӯъ дар боғи нави суперинтенсивӣ 6 ҳазор дарахт шинонида шуд.

"Ҳамаи ниҳолҳои дарахтон аз Полша ва Канада ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд",-омадааст дар хабарнома.

То имрӯз дар ҳудуди боғ бо ҳидояти раҳбари кишвар гармхонаҳо барои парвариши помидору бодиринг, сардхона бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот, се ҳавзи парвариши моҳӣ ва дигар иншооти муҳим бунёд гардида буданд. Дар муассиса 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Баъди бунёди боғоти нав дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид додааст.