ВУД Русия: ДОИШ таваҷҷӯҳашро ба Тоҷикистон бештар кардааст

Ҷангиёни гурӯҳи террористӣ нақша доранд, ки тариқи ячейкаҳояшон ба тамоми ҷаҳон ҳамла оранд, мегӯяд намояндаи вазорат
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пас аз шикаст дар Сурияву Ироқ таваҷҷӯҳшонро ба кишварҳои ИДМ, ки бо Русия ҳаммарзанд, бештар кардаанд, мегӯяд роҳбари Сарраёсати мубориза бо экстремизми ВУД Русия Олег Илиних.

Ӯ дар рафти ифтитоҳи ҳамоише дар Донишгоҳи ВУД Русияи Маскав ин нуқтаро таъкид кардааст.

Ба гуфтаи намояндаи вазорат, фаъолони ДОИШ нақша доранд, ки дар тамоми ҷаҳон шабакаи ягонаи худро тариқи ячейкаҳо ташкил карда, ба воситаи онҳо амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.

"Шикасти хилофат дар Сурия ва Ироқ таваҷҷӯҳи "Давлати исломи"-ро дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Узбакистон ва Қазоқистон бештар кардааст", - таъкид кардааст Илиних.

Дар Перм шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даъват ба ДОИШ дастгир кардаанд

Пештар Александр Манилов, роҳбари хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои ИДМ гуфт, мақомоти марзбонӣ таҷаммӯи 10 ҳазор ҷангҷӯро дар марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифтаанд.

Генерал–полковник Александр Манилов изҳор дошт, ки феълан вазъ дар марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мураккаб боқӣ мондааст.

Ӯ зикр кард, ки охири моҳи феврал дар Душанбе машварати махсуси фармондеҳони мақомоти марзбонии Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он чораҳои иловагӣ бо назардошти вазъ дар Афғонистон қабул шуданд.