ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Таъиноти мазкур, имрӯз зимни иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, даъвати панҷум сурат гирифтааст. Файзов аввали моҳи равон бо гирифтани аксарияти овозҳои вакилони маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд.
Дар марҳилаи аввал Файзов аз ҳавзаи интихоботии Аличур №60 бо ҷонибдории 98 дарсади овоздиҳандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон интихоб шуда, бо ҷонибдории вакилони вилоят раиси ВМКБ таъин шуд.
Файзов дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҷойгузини Шодихон Ҷамшед гардид, ки қаблан аз мақоми раиси ВМКБ барканор гардида, узвияташ дар палатаи болоии парлумон қатъ шуда буд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ охири декабри 2018 Шодихон Ҷамшед, муовини раиси Маҷлиси миллиро барои фаъолияти пурсамар бо Ифтихорномаи Маҷлиси миллӣ қадрдонӣ намуда, бинобар ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқат намекунад, ваколаташро пеш аз муҳлат қатъ намуданд.
Шодихон Ҷамшед, собиқ раиси ВМКБ ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми муовини вазири тандурустии кишвар таъин гардид ва феълан дар ин мақом фаъолият дорад.