Шоми 8 март: тоҷир дар бозор 44,7 ҳазор сомонии Бибиҷонро дида аз қафояш рафт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, марде, ки зани 34-соларо дар Рӯзи модарон – 8 март дар шаҳри Душанбе ғорат кард, боздошт шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, маъмурини милиса дар ноҳияи Сино, соҳибкор Холиқов Абдуҷаъфар, сокини 28-солаи кӯчаи Ҷаббор Расуловро боздошт кардаанд, ки дар ғорати 44,7 ҳазор сомонии Бибиҷон Сафармамадоваи 34-сола дар Душанбе муттаҳам мешавад.

Генерал Раҳимзода ба муносибати Рӯзи Модар шеър хонд

Сафармамадова ба идораи милиса арз кардааст, ки нафари номаълум тақрибан соати 19:30-дақиқа, дар назди бинои №83-и кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи 33 бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ борхалтаи ҳомили 44 ҳазору 700 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

ВУД мегӯяд, зимни таҳқиқ муайян шуд, ки ин ғоратгарӣ кори дасти тоҷир Абдуҷаъфар Холиқов мебошад.

Холиқов зимни бозпурсӣ иқрор шудааст, ки борхалтаи ҳомили маблағи зиёди ин занро дар бозор дида, ӯро пайгирӣ ва дар маҳаллаи 33 ғорат кардааст.

Ба иттилои ВУД, аз муттаҳам маблағи ғоратшуда мусодира ва ба ҷабрдида баргардонда шуд.

Ин ниҳод таъкид кард, ки алайҳи Холиқов бо моддаи 248-и Кодекси ҷиноятӣ – ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.