Дар Русия корманди пулис барои ришваситонӣ аз муҳоҷир боздошт шуд

Ӯ бар ивази 220 ҳазор рубл ба марди муҳоҷиро ваъда додааст, ки барояш шаҳрвандӣ омода мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Русия муовини сардори шӯъбаи муҳоҷирати пулиси шаҳри Саратов ба иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон аз як шаҳрванди хориҷӣ дастгир шудааст.

Бино бар иттилои тафтишот, гумонбаршаванда аз марди муҳоҷир ба ивази сабти номи ӯ дар манзилаш ва ба даст овардани шаҳрвандии Русия 220 ҳазори рубл талаб кардааст.

Боздошти боз як корманди пулиси Тоҷикистон барои гирифтани ришва

Кормандони Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Саратов корманди пулисро ҳангоми гирифтани пора аз шаҳрванди хориҷӣ дастгир кардаанд.

Муовини сардори шӯъбаи муҳоҷирати пулиси шаҳри Саратов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи "Гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон бо истифода аз мақом"- и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба ӯ тибқи қонунгузории Русия то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

РИА Новости  ҳувияти пулиси боздоштшударо муайян кардааст. Алексей Лупанов, муовини сардори шӯъбаи муҳоҷирати пулиси шаҳри Саратов дар ҳолати исбот шудани иттиҳомот аз сафи мақомот ронда ва тибқи қонунгузории Русия муҷозот хоҳад шуд.