Додугирифти пул тариқи телефон: дар Тоҷикистон “ТезСум” фаъол шуд

Ширкати “Tcell” дар Тоҷикистон замимаи ҷадиди телефонӣ бо унвони “ТезСум”-ро фаъол кардааст, ки додугирифти маблағ тариқи телефонро фароҳам мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Озодхон Давлатшоев, мудири кулли ширкати  “Tcell” мегӯяд, тамоми ҷаҳон ба технологияи рақамӣ гузаштааст ва корбарии классикии “рӯи коғаз” дигар муваффақ нест.

Шаҳрвандони Тоҷикистон андозро ба тарзи нав месупоранд

“Барои инсонҳо фаврият, самаранокӣ ва осонӣ дар ҳар кор, аз ҷумла дар иртибот бо пайвандон, равандҳои корӣ ё пардохтҳо дар ҷои аввал қарор доранд. Барои мо бисёр муҳим аст, ки тоҷикистониён аз имкони истифодаи дастовардҳои технология бархӯрдор бошанд”, - изҳор доштааст Давлатшоев.

Ба иттилои манбаъ тариқи “ТезСум” шаҳрвандон бо сарфаи вақту нерӯ дар ҳар вақти мусоид метавонанд, суратҳисобашонро пур кунанд, ҳаққи хадамоти коммуналӣ, пардохтҳои давлатӣ, қарзҳо ва ҳар пардохти дигарр амалӣ намоянд. “Tcell” таъкид кард, ки шаҳрвандон метавонанд бо пайваст кардани  “ТезСум” бо корти бонкии низоми “Корти миллӣ” ҳар гуна амалиёти додугирифти маблағ, аз ҷумла аз як корт ба корти дигарро анҷом диҳанд.

Замимаи “ТезСум” дар “App Store” ва “Google Play” дастрас буда, сабти он бо рақами телефони мобилӣ сурат мегирад. Масъулини “ТезСум” таъкид кардаанд, ки амнияти амалиёт тариқи замима кафолат дода, шуда дастрасӣ ба он тариқи калидвожа, ё худ иззи ангушти муштарӣ ҳифз карда мешавад.