Сана ва самти нахустин сафари хориҷии раисиҷумҳури Қазоқистон маълум шуд

Қосим – Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури феълии Қазоқистон бо нахустин сафари расмии хориҷӣ аз Русия боздид мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Сафари нахустини расмии Тоқаев 3 апрел ба Русия дар назар аст, хабар додааст РИА Новости.

Огоҳ карду маслиҳат не: Песков гуфт, Назарбоев қабл аз истеъфо ба Путин занг зад

Ба иттилои манбаъ, зимни ин сафар гуфтушуниди Тоқаев бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар нақша мебошад.

“Бахши асосӣ дар барномаи сафар гуфтушунид бо раисиҷумҳури Русия, Владимир Путтин мебошад”, - омадааст дар иттилоияи нашркардаи дафтари матбуоти роҳбари Қазоқистон.

Роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷорӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва масоили мубрами минтақавию байналмилалиро баррасӣ хоҳанд кард.

Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, Нурсултон Назарбоев қабл аз эълони истеъфояш аз мақоми раисиҷумҳури Қазоқистон Владимир Путинро огоҳ карда буд.

Песков  таъкид кард, ки Назарбоев бо Путин дар мавриди ҷойгузинаш  маслиҳат накардааст, танҳо зарур донист, ки ӯро огоҳ кунад.

Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбат кард

“Дар ин маврид ҳатто ҷои гап ҳам нест. Аммо имконпазир ва зарур хонд, ки Путинро чанд соат қабл аз он, ки ин масъала оммавӣ шуд, огоҳ кунад. Ин шояд як навъ қадршиносӣ аз муносибатҳои хуби ду кишвар ва бевосита равобити шахсии Назарбоев ва Путин буд”, - изҳор дошт Песков.

Шоми 19 март раисҷумҳури ҳамакнун пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар муроҷиат ба мардум эълом кард, ки ба истеъфо меравад.

Феълан, то интихоботи президентӣ дар Қазоқистон масъулияти раисҷумҳурӣ бар дӯши раиси пешини Сенати парлумон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аст. Духтари Назарбоев - Дариға Назарбоева дар мақоми роҳбари Сенат ҷойгузини Тоқаев гашт.