Путин авфи муҳоҷирони қирғизро тасвиб кард

Дар натиҷаи гуфтушунидҳои сарони Қирғизистону Русия президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки раванди авфи муҳоҷирони қирғиз дар Русия идома меёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Авфи муҳоҷирони қирғиз, ки қавонини будубош дар Русияро вайрон кардаанд, то охирҳои моҳи апрели соли 2019 идома меёбад. Дар ин бора раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар анҷоми гуфтушунидҳо бо Сооронбой Жээнбеков изҳор дошт.

"Бо хоҳиши ҷониби Қирғизистон раванди авфи муҳоҷирон то охири парел тамдид карда шуд. Ин як бори дигар хусусияти вижаи ҳамкориҳои кишварҳоямонро нишон медиҳад", - изҳор дошт Путин.

Бӯғурсоқ, асал ва духтарони миллипӯш: пешвози самимонаи Жээнбеков аз Путин

Ӯ ёдрас шуд, ки аз моҳҳои октябр то декабри соли 2018 дар Русия нисбати муҳоҷирони қирғиз раванди авф ҷорӣ карда шуд. Мувофиқи он ҳазорҳо шаҳрвандоне, ки қавонини будубош дар Русияро нақз карда буданд, аз рӯйхати сиёҳ берун шуданд.

Пештар хабар дода шуд, ки беш аз 50 дар сади муҳоҷирони қирғиз, ки дар рӯйхати сиёҳ буданд, авф шуданд.

Аз моҳи ноябр маҳудудият нисбати нафароне, ки вурудашон ба Русия маҳкам шуда буд, бардошта шуд. Аммо нафароне, ки бо қарори додгоҳҳои Русия хориҷ шуда буданд, авф нашуданд.

Аз соли 2015 бори дувум аст, ки дар Русия нисбати муҳоҷирони қирғиз раванди авф ҷорӣ мешавад.