Оғози озмуни “Сайри гули лола” Душанберо гулафшон кард

Гуруҳи корӣ аз беҳтарин  композитсия, дизайни ҷолиби гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда  дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ дар пойтахт  дидан намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Алҳол дар шаҳри Душанбе  озмуни шаҳрии гулҳо “Сайри гули лола” идома дошта, он  дар сатҳи ноҳиявӣ  ҷамъбаст гардид, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо  натиҷаи озмун, ки аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ  пешниҳод гардидаанд, шинос шуда,  аввали моҳи апрели соли 2019 онро  ҷамъбаст менамояд. Тибқи муқаррароти озмун, натиҷаҳои  он  ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод  мешаванд.

Дар Хуҷанд озмуни вилоятии “Сайри гули лола” баргузор мегардад

“Гурӯҳи мазкур аз беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда  дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ дар се ноҳияи пойтахт — Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дидан намуда, алҳол бо ин мақсад дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор дорад”, - гуфтааст сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шералӣ Раҳмонов.

“Ин озмун бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ҷиҳати  вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 25 феврали соли 2019  роҳандозӣ мегардад”, — афзуд Раҳмонов.

Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи кории шаҳрӣ ғолибони озмуни пойтахт барои ҷойҳои якум бо “Дипломи дараҷаи 1”, дуюм “Дипломи дараҷаи 2”  ва сеюм  “Дипломи дараҷаи 3” сарфароз гардонида  мешаванд.