Нохушӣ ҳангоми тармарӯбӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Ширкати IRS мегӯяд, имрӯз ҳангоми бартараф намудани тарма дар километри 159-ум роҳи Душанбе – Чаноқ боркунаки фронталии ширкат зери тарма монд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Тибқи иттилои IRS, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ба ронанда осеб нарасид ва техника низ аз банди тарма раҳо карда шуд.

Ҳушдори КҲФ аз боронҳои зиёд, сел, сангрезиш ва тарма дар рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон

Ширкати IRS афзуд, ки монеаҳои мавҷуда дар роҳи Душанбе – Чаноқ бартараф ва ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт имконпазир гардид.

Субҳи имрӯз ширкати мазкур ба далели тармафароӣ аз роҳбандӣ дар масири Душанбе – Чаноқ хабар дода буд.

“Субҳи имрӯз дар километрҳои 71, 89, 157 ва 159-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ тарма фаромад. Айни замон тармаҳо бартараф шуда, бинобар зиёд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд”, - эълон карда буд IRS.

Ширкат таъкид мекунад, ки ҳадафи роҳбандиҳо таъмини бехатарӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран зимни баҳси қисматҳои осебпазири роҳи Душанбе – Чаноқ аз офатҳои табиӣ таъкид шуд, ки дар ин роҳ 24 долони зиддитармавӣ сохта шуда, барои таъмини бехатарии ҳаракат дар он бунёди 55 долони зиддитармавии дигар зарур мебошад.