Муовини вазир: дар МОИ “Кӯлоб” 4 ҳазор сокини шаҳр бо кор таъмин мешаванд

Завқӣ Завқизода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ҳудуди 4 ҳазор сокини ин шаҳр бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Завқизода ин нуктаро зимни тасдиқи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар Маҷлиси намояндагон баён дошт.

Гушти мурғу тухм арзон мешаванд: дар Кӯлоб се ширкати нави мурғпарварӣ ифтитоҳ мешавад

Бар асоси нақшаи тасдиқкардаи парлумон, МОИ “Кӯлоб” дар намуди саноатию инноватсионӣ дар масоҳати 309,3 гектар замин дар назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб ба муҳлати 25 сол таъсис дода мешавад.

Ба иттилои нашрияи парлумонии “Садои мардум”, МОИ “Кӯлоб”  роҳи мошингарди дохилии деҳаи Сариёзидашт, заминҳои Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб, заминҳои зери оби сойи Зирак ва заминҳои захираҳои давлатии шаҳри Кӯлобро дар бар мегирад.

Завқӣ Завқизода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, ҳангоми таҳияи қарор дар бораи ташкили минтақаи мазкур, мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ, наздик будани шоҳроҳи байналмилалӣ, мавҷудияти неруи барқи арзон ва як қатор омилҳои дигар ба назар гирифта шуд.

“Аз ҷумла, яке аз ширкатҳои калони хитойӣ бунёди маҷмааи бузурги нассоҷиро, ки аз коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ иборат аст, ба нақша гирифтааст. Дар он ҷо, ҳамчунин, корхонаҳои коркард, хӯрокворӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва ғайра бунёд мегарданд, ки дар онҳо ашёи хоми ватанӣ истифода мешаванд”, - изҳор дошт Завқизода.