Маҳбаси Русия дарс нашуд: дар пойтахт мард аз ҳиссиёти авбошӣ ҷавонро ду корд зад

Кормандони милитсияи пойтахт марди 50-соларо дастгир намуданд, ки ба шиками ҷавони 26 – сола ду маротиба корд задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Командони милитсия Душанбе марди 50-соларо дастгир намуданд, аз ҳиссиёти авбоши дар назди бозори “Саховат” ҷавони 26-соларо ду корд задааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Меҳмони маст соҳибхоназанро корд задааст

“Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 26-солаи сокини ноҳияи Сангвор муроҷиат намудааст, ки рӯзи 19-уми марти соли равон, тахминан соати 19:30-дақиқа, ҳангоми дар назди истгоҳи бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 50-солаи ноҳияи Фархор, ки пеш бо моддаҳои 161 ва 158 Кодекси ҷиноятии Русия суд шудааст, аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба шикамаш задааст”, - таъкид намудааст манбаъ. 

Мақомоти вазорати умури дохила қайд намуданд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.  

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.