ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik . Беш аз 100 ширкати тавлидотии ватанию хориҷӣ молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019. Баҳор”, ки имрӯз 28 март дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ба намоиш гузоштанд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.
Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии “Тоҷикистон-2019. Баҳор”, ки дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ дар “Кохи Борбад”-и пойтахт доман густурдааст, ҳадафаш муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя ва рушди иқтисод дар мамлакат мебошад.
Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон -2019. Баҳор” бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и пойтахт зарфи се рӯз- аз 28 то 31 март гузаронида мешавад.
Дар он ширкатҳои молистеҳсолкунандаи ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика, технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоштаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар радифи беш аз 50 ширкати ватанӣ инчунин ширкатҳои тавлидотӣ аз кишварҳои хориҷӣ, назири Россия, Беларус, Кореяи Ҷанубӣ, Узбакистон ва Афғонистон молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Маҳсулоти ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, аз қабили “Покофар”, “Ширин”, “Лазкон”, “Тоҷ сармоя”, “Темуриён”, “Намаки Ашт”, “Комбинати шири Кӯлоб”, “Зиркон”, “Элегант”, “Silkсолт”, “Арча”, “Рухом”, “Зари Кӯлоб”, ки дар намоишгоҳ бо навиштаҷоти “Made in Tajikistan” гузошта шудаанд, бозгӯи рушди соҳибкорӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии “Тоҷикистон -2019. Баҳор” ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор шавад.