ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, наваскар Саидов баҳори соли гузашта ҳангоми сафарбар кардан ба қисмати ҳарбӣ дар наздикии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба самти номаълум фирор карда, то аввали соли равон аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардааст.
Бар асоси парвандаи додгоҳ, Саидов 4-уми апрели соли 2018 аз ноҳияи Шоҳмансур ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, нисфирӯзи 5-уми апрел ҳангоми сафарбар намудан ба қисми ҳарбӣ дар наздикии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” фирор кардааст.
Манбаъ афзуд, ки наваскар баъди 9 моҳи фирор, аввали соли равон аз ҷониби маъмурини милисаи ноҳияи Шоҳмансур боздошт гардидааст.
Додгоҳи низомӣ Саидовро барои фирор ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, бар асоси моддаи 375 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба муҳлати 7 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.