Вазъи Афғонистонро дабири кулли СММ ва вазири хориҷаи Тоҷикистон баррасӣ карданд

Вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва дабири кулли СММ баррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik.   Дар шаҳри Ню-Йорк дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш баргузор шудиттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон. 

Бино бар иттилои манбаъ зимни тарафҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону СММ-ро баррасӣ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе мулоқот кард

Инчунин, манбаъ қайд намудааст, ки тарафҳо зимни мулоқот вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар пешбарии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо дар чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим”, ки дар ар шаҳри Ню-Йорк дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор шудааст, иштирок дорад.

Чорабинии мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои Канада, Япония, Мексика, Марокаш, Россия, Сингапур, Швейтсария, Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва ниҳоди СММ-Об доир шуд, намояндагон ва мутахассисони зиёда аз 130  кишвари аъзои СММ ва созмонҳои байналмилалиро гирди ҳам овард.