Тоҷикистон содироти сангҳои қимматбаҳоро афзоиш дод

Бар асоси додаҳои вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави ҶТ, ҳаҷми тавлиди тиллои соли 2018 дар муқойиса бо соли 2017 16,9 дарсад афзойиш ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ба арзиши беш аз 293 ҳазор доллар сангҳои қиматбаҳо, нимақиматбаҳо а фулӯзот содир кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.

Бино ба иттилоъи ожонси омори Тоҷикистон, тавлиди сангҳои қиматбаҳову нимақиматбаҳо ва фулӯзот дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 2,1 дарсад, ё 151 ҳазор доллар афзойишро нишон медиҳад.

Тоҷикистон мехоҳад ба Молдова меваи хушк ва асал содирот намояд

Дар ин муддат ба арзиши беш аз 1,3 миллион доллар ин гуна маводд ворид шуд, ки воридоти онҳо рушди 3,4 дарсадӣ дошт.

Бар асоси додаҳои вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави ҶТ, ҳаҷми тавлиди тиллои соли 2018 дар муқойиса бо соли 2017 16,9 дарсад афзойиш ёфт.

Пештар хабар дода шуд, ки маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда асосан ба ин чор кишвар содирот мешавад. Инҳо

Туркия, Қазоқистон, Узбакистон ва Афғонистон мебошанд.

Тоҷикистон асосан пахта, алюминий, меваву сабзавот ва солҳои ахир барқу ангишт содир мекунад.