Дар Эрон дар пайи фалокати табиӣ - обхезии шадид 25 музофот валангор шуданд.
Бештар аз ҳама сокинони шаҳри Шероз осеб диданд. Офати табиӣ пурра даромадгоҳи шимолии шаҳр "Дарвозаи Қуръон"-ро тахриб кардааст. Маҷрои бузург худрав ва одамону ҳайвонҳоро бурда, биноҳоро вайрон кард.
Дар натиҷа 19 тан кушта ва 120 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ба хонаводаҳои осебдидагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба мақамоти маҳаллӣ супориш додааст, ки ба онҳо кӯмаки фаврӣ расонида шавад.