Таҳқиқи латукӯби зан аз ҷониби милиса дар додситонии Душанбе

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21 март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он корманди милиса занеро латтукӯб мекунад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба таҳқиқи қазияи латтукӯби зан аз ҷониби корманди ВКД оғоз кардааст. Дар ин бора хабаргузории Тоҷик.ТА менависад.

Старшина Сатторов Сафарбек Махмадсаидович пас аз паҳн шудани видеои латтукӯби зан бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз кор озод карда шуд. Сафарбек Маҳмадсаидзода дар луттукӯби сокини 33-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Охчакман Шамсова Мадина Муқимҷоновна муттаҳам мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Навори латтукӯби як зан аз ҷониби милиса дар маркази Душанбе дар рӯзи Наврӯз

Муфаттишон ин қазияро баррасӣ доранд ва қарор дар бораи боз кардани парандаи ҷиноӣ ба зудӣ қабул хоҳад шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Сафарбек Сатторов, маъмури “Воҳиди махсус”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст.

“Воҳиди махсус” ниҳоди хоси ВУД Тоҷикистон мебошад, ки ба таъмини амнияти ҳаракати раисиҷумҳури Тоҷикистон ва меҳмонони олимақом машғул буда, маъмурини он асосан дар роҳҳои маркази Душанбе адои хидмат мекунанд.

 Сатторов зимни бозпурсӣ изҳор доштааст, ин зан дар кӯча фарёд мекард. Маъмури милиса тавзеҳ додааст, ки ҳангоме хост, занро ором кунад, ин зан вайро задааст. Дар натиҷа Сатторов оташин шуда, сари хашм занро кӯфтааст.

Расонаҳои Тоҷикистон аз қавли ВУД афзуданд, ки зоҳиран зан бемори руҳӣ буда, феълан барои ташхис равона шудааст.