Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон чаро ба Тошканд меравад

Дар Шӯрои фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии кишварҳои узви ИДМ , ки дар пойтахти Узбакистон баргузор мегардад, таҳкими амният дар сарҳадҳо ва тартиби омодагӣ ва баргузории амалиётҳои махсуси муштараки марбут ба посбонии сарҳад ва вазъияти Афғонистон баррасӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 28 март дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ба пойтахти Узбакистон меравад, иттилоъ додааст Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Бино бар иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа фармондеҳони қушнҳои сарҳадии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистоен иштирок хоҳанд кард.

Сарони кишварҳои ИДМ ба солгарди оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баёнияи муштарак судур мекунанд

Манбаъ таъкилд намудааст, ки дар кори ҷаласаи мазкур баррасии вазъ дар сарҳадҳои давлатҳои узви Иттиҳод дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоилҳои ҷараёни ояндаи он дар назар аст.

Фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии кишварҳои ИДМ инчунин Барномаи ҳамкории давлатҳои узви Иттиҳодро дар самти таҳкими амният дар сарҳадҳо барои давраи солҳои 2021-2025, тартиби омодагӣ ва баргузории амалиётҳои махсуси муштараки марбут ба посбонии сарҳад дар ин давра ва лоиҳаи Нақшаи кори Шӯроро дар соли 2020 баррасӣ хоҳанд кард.

Иштирокчиёни машварат ба ташкили кори омодагӣ ва баргузор намудани Эстафета дар сарҳадҳои кишварҳои узви ИДМ ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанаии солҳои 1941-1945 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард.

Дар ҷараёни саафар ба Тошканд дидору гуфтушунидҳои дуҷониба Р.Раҳмоналӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла зимни мулоқот бо раҳбарияти нерӯҳои марзбонии Узбакистон масъалаи густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳо байни нерӯҳои сарҳадбонии ҳарду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.