Дар Душанбе зане дастгир шуд, ки духтаронро ба фоҳишагӣ ҷалб мекардааст

Кормандони милитсияи пойтахт зани 24-солаи сокини кӯчаи Неъмат Қарабоевро дастгир намуданд, ки ба фоҳишагӣ ҷалб намудани занҳо гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсия зани 24-солаи сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷиноятӣ ба фоҳишагӣ ҷалб намудани занҳо гумонбар дониста мешавад.

Иҷора на барои иқомат, балки барои табдили фоҳишахона

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 23-юми марти соли равон, дар кӯчаи Маяковскии пойтахт ба даллагӣ машғул шудааст.

“Вай аз марди 34-солаи сокини шаҳри Кӯлоб барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо зани 24-солаи сокини кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт 1000-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - таъкид намудааст манбаъ. 

Инчунин ба иттилои ВУД Тоҷикистон зани дастгиршуда бо ҳамин роҳ аз марди 25-сола ва зани 20-солаи сокинони пойтахт 800-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 

Дар ҳоли ҳозирт кормандони милитсия Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишотро идома доранд.